18 Сентябр 2025 - 13:31
Source: ABNA
Вазири дифои Чин: «Ҷаҳон дар дуроҳаи сулҳ ва ҷанг қарор гирифтааст»

Вазири дифои Чин ҳушдор дод, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои ҷадиде рӯбарӯ аст.

Бино ба гузориши хабаргузории Abna, ба нақл аз шабакаи Ал-Ҷазираи Қатар, Дунг Ҷун, вазири дифои Чин дар суханронии ифтитоҳии «Маҷмаи амниятии Шиёнгшон» ҳушдор дод, ки сулҳи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷадиде рӯбарӯ аст.

Вай таъкид кард: «Бояд ҳушёр бимонем ва бо мантиқи султаҷӯӣ ва сиёсатҳои зӯрмадорона мухолифат кунем».

Вазири дифои Чин афзуд: «Дар хусуси ҷанг, ҷаҳон бори дигар дар баробари як дуроҳаи сарнавиштсоз; сулҳ ва гуфтугӯ ё тақобил қарор гирифтааст».

Вай ҳамчунин хотирнишон кард: «Артиши Чин омода аст бо артишҳои соири кишварҳо барои ҳифзи сулҳи ҷаҳонӣ ҳамкорӣ кунад».

Вазири дифои Чин гуфт: «Барои ҳифозат аз гузаргоҳҳои дарёии ҷаҳон, размоишҳои муштаракеро баргузор мекунем».

Your Comment

You are replying to: .
captcha